ҶДММ "Мабдаи НУР"

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мабдаи Нур” – ин дастаи мутахассисоне, ки дар бозори маҳсулоти нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 фаъолият мебаранд.

Имрӯз ширкати “Мабдаи Нур” яке аз калонтарин таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар мамлакат аст.

Фаъолияти асосии ширкат фурӯши яклухти сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва шабакаи комплексҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти бренди “НурОйл” барои фурӯши чакана мебошад.

Сӯзишвории ширкати “Мабдаи Нур” имрӯз ҳам дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории худи ширкат ва ҳам дар НФС-ҳои шарикони ширкат дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Ширкат таҳти шиори “Покдилӣ ва сифат” фаъолият бурда, ба мизоҷони худ танҳо сӯзишвории баландсифатро аз истеҳсолкунандагони пешқадам ва дараҷаи баланди хизматрасониро пешниҳод менамояд.

Вазифаи афзалиятноки ширкат таъминнамоӣ ва ташаккули талаботи соҳибони автомобилҳои Тоҷикистон дар бензини навъҳои баландсифат, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ аз истеҳсолкунандагони пешқадам мебошад.

Коллективи ширкати “Мабдаи Нур” кӯшиш ва қобилияти худро муттаҳид менамояд, ки пешрафти самараноки ширкат ва нигоҳдории мавқеи пешбарро дар бозор таъмин намояд, шароитҳои мусоидро барои ҳамкорӣ ба мизоҷони ширкат пешниҳод намуда, технологияҳои ҳозиразамонро дар фаъолияти худ самаранок истифода барад.

 

Ҳар он чизе, ки Ширкати мо амалӣ менамояд, аз тарафи одамон ва барои одамон амалӣ карда мешавад.

Hide Main content block

Шабакаи НФС "НурОйл"

Сӯзишвории ширкати “Мабдаи Нур” имрӯз тавассути комплексҳои ҳозиразамони фурӯши сӯзишворӣ таҳти бренди “НурОйл” фурӯхта мешавад.


НурОйл – Ҳамеша хизматрасонии зуд ва дараҷаи баланди хизматрасонӣ


НФС-ҳои мо бо колонкаҳои сӯзишворӣтақсимкунандаи ҳозиразамон таҷҳизонида шудаанд, ки имконият медиҳад, зуд ва босифат якчанд автомобилҳоро хизматрасонӣ намояд. Дар ҳар як НФС оператори таълимдодашуда хизмат мерасонад, ки вақти Шуморо сарфа менамояд.


Сӯзишворӣ дар НФС-ҳои мо:: Навъҳои гуногуни бензин, сӯзишвории дизелӣ зимистона-тобистона ва гази моеъ.

Preview image
  • More

    Мини-мағозаҳо дар НФС.

    • маҳсулоти хӯрокворӣ;
    • қисмҳои эҳтиётӣ барои автомашинаҳо ;
    • маводҳои масрафшаванда;
    • қаҳвахона.

    Муфассал...

    Close
  • More

    Навъҳои сӯзишворӣ дар НФС.

    • Бензини АИ-95;
    • Бензини АИ-92 Евро;
    • Бензини АИ-92;
    • Бензини АИ-80;
    • Сӯзишвории дизелӣ ;
    • Гази моеъ;

    Муфассал...

    Close
  •  
cache/resized/bb3d3e98334124792f7da89b37a4eb51.jpg
cache/resized/ea961f81b3ea302a6aad30538e38ed4b.jpg
cache/resized/297c18b799a1fe51ae129bbef3b86b67.jpg
cache/resized/f849a394ac9639aa9a30c25b1cfd23f7.jpg

Маълумот

  • 735610, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 
    ш. Истаравшан, кӯч. Оли Сомон 1.
  • +992 93 784 0077

Фурӯши яклухти сӯзишворӣ аз истеҳсолкунандагони пешқадами нафтӣ ва шабакаи ҳозиразамони нуқтахои фурӯши сӯзишворӣ

Маълумот барои харидорон

Шумо метавонед дархости худро барои харидории сӯзишворӣ аз сомонаи мо равон кунед. Ба саҳифаи "Онлайн дархост" гузаред ва майдонҳои лозимаро пур намоед. Менеҷерҳои мо бо Шумо робита менамояд.

Дархостҳои шуморо интизорем!

Top